Skip Links

News Item

Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот ва муколамаи стратегӣ оид ба журналистика, устувории воситаҳои ахбори омма ва зеҳни сунъӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад.

Issued on:
Issued by:
OSCE Representative on Freedom of the Media, OSCE Programme Office in Dushanbe

Аз 3 то 7 майи соли 2026, Намояндаи САҲА оид ба озодии воситаҳои ахбори омма, Сафир Ян Браату ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар чорабиниҳои бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот, ки аз ҷониби Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе (Дафтари барномаҳо) баргузор карда шудаанд, ва доир намудани як қатор мулоқотҳо бо намояндагони ҳукумат, ВАО, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ, ташриф овард.

Дар ҷараёни сафари расмӣ равандҳои кунунӣ дар самти ВАО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар саросари минтақаи васеътари САҲА, одоб ва таълими рӯзноманигорӣ, саводнокии ВАО, зеҳни сунъӣ, бехатарии рӯзноманигорон, дастрасӣ ба иттилоот ва таъсири таҳаввулоти рақамӣ ба муҳити иттилоотӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни суханронии ифтитоҳӣ дар конфронси бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот дар Душанбе Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО таъкид кард, ки озодии ВАО маҳсули иловагии демократия нест, балки яке аз асосҳои он ва шарти худи амният аст. Ӯ таъкид кард, ки муҳити устувори иттилоотӣ, ки аз ҷониби воситаҳои гуногун, мустақил ва баодоби ахбори омма, дастгирӣ мешаванд, барои муқовимат ба дезинформатсия (иттилооти нодуруст), тақвияти эътимоди ҷомеа ва устувории демократӣ дар замони ташаннуҷи геополитикӣ ва тағйироти босуръати технологӣ муҳиманд.

Конфронси бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии озодии матбуот намояндагони ниҳодҳои давлатӣ, рӯзноманигорон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, доираҳои илмӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои муҳокимаи озодии ВАО, одоби рӯзноманигорӣ, таҳаввулоти рақамӣ, бехатарии рӯзноманигорон, саводнокии ВАО ва таълими рӯзноманигорӣ ҷамъ овард.

Дар рафти боздид, Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО инчунин семинареро оид ба ислоҳоти барномаи таълимии рӯзноманигорӣ бо намояндагони Вазорати маориф ва илм, факултаҳои рӯзноманигорӣ ва мутахассисони ВАО доир намуд. Муҳокимаҳо ба муосирсозии таълими рӯзноманигорӣ, тақвияти омӯзиши амалӣ, одоби воситаҳои ахбори омма, малакаҳои рақамӣ ва саводнокии ВАО ва беҳтар кардани робитаҳо байни донишгоҳҳо ва расонаҳои касбии хабарӣ равона карда шуданд.

Дар доираи барнома, Дафтари Намоянда оид ба озодии ВАО барои намояндагони Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия, аз ҷумла Шӯрои зеҳни сунъӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва доираҳои илмӣ машварат (брифинг) дар бораи Дастурамали Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО оид ба ҳифзи озодии ВАО дар асри технологияҳои бузург ва зеҳни сунъӣ доир намуд. Муҳокимаҳо ба идоракунии зеҳни сунъӣ, ҳуқуқи инсон, озодии ВАО ва ҳамкории минтақавӣ нигаронида шуда буданд.

Намоянда оид ба озодии ВАО бо муовини вазири корҳои хориҷӣ Идибек Қаландар мулоқоти дуҷониба доир намуд. Муҳокимаҳо ба саводнокии ВАО, таълими рӯзноманигорӣ, идоракунии зеҳни сунъӣ, таҳаввулоти рақамӣ ва мушкилоти марбут ба экстремизм ва иттилооти нодуруст нигаронида шуда буданд. Муовини вазири корҳои хориҷӣ бори дигар ҷонибдории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз принсипҳои САҲА таъкид кард, ва ҳамкории идомаёфтаро бо Дафтари Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО, бахусус дар соҳаи таълими рӯзноманигорӣ, таҷрибаи кори масъулиятноки ВАО ва ташаббусҳои марбут ба зеҳни сунъӣ истиқбол кард. Ҳарду ҷониб аҳамияти муколама ва ҳамкории амалиро дар ҳалли мушкилоти муштарак дар саросари минтақаи САҲА таъкид карданд.

Дар ҷараёни боздид, Намояндаи САҲА оид ба озодии ВАО инчунин бо намояндагони расонаҳои хабарӣ ва ҷонибҳои манфиатдори ВАО, аз ҷумла Директори Asia-Plus Умед Бобохонов, Нуриддин Қаршибоев, раиси Ассотсиатсияи миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон, Субҳиддин Шамсиддинзода, директори Агентии давлатии иттилоотии “Ховар” ва Садриддин Шамсиддинзода, директори телевизиони “Сафина” мулоқот кард. Муҳокимаҳо ба муҳити фаъолияти рӯзноманигорон, танзими ВАО, дастрасӣ ба иттилоот, бехатарии рӯзноманигорон, таълими рӯзноманигорӣ, одоби воситаҳои ахбори омма, таҳаввулоти рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва нақши саводнокии ВАО дар тақвияти устувории ҷомеа ва эътимод ба ВАО нигаронида шуданд.

Сафари мазкур дар ҳамкории зич бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе ва бо дастгирии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.


Contacts

Office of the OSCE Representative on Freedom of the Media

Office of the OSCE Representative on Freedom of the Media

Wallnerstrasse 6
1010 Vienna
Austria

Adis Mustedanagic

Senior Secretary

Office of the OSCE Representative on Freedom of the Media

Wallnerstrasse 6
1010 Vienna
Austria

Benjamin Fischer

Junior Professional Officer